Хуш омадед ба саҳифаи OpenOffice.org бо забони тоҷикӣ

Дӯстдорони мӯҳтарами забони тоҷикӣ! Шумо акнун метавонед барномаи OpenOffice.org-ро бо забони тоҷикӣ сабткашӣ намуда аз он истифода баред. Барои сабткашӣ ба тасвири зер пахш кунед ва ё аз менюи дар тарафи рост буда "Сабткашӣ кунед"ро интихоб намоед. Дар хотир доред, ки ин нашр дар ҳолати санҷиш қарор дорад ва барои истеҳсолот тавсия карда намешавад.

OpenOffice.org лоиҳаи коди кушод аст, ки шиораш чунин аст: "Таҳия кардани пакети барномаҳои корие, ки дар ҳамаи платформаҳо кор кунад ва дастрасии ҳама гуна фаъолиятнокӣ ва маълумотро дар асоси API- бо компонентҳои озод ва қолаби файлии XML- бунёд таъмин намояд"

OpenOffice.org инчунин маҳсулоте мебошад, ки ифодагари ин мазмун аст. Вай пакети кории барномаҳост, ки барои ҳама бепул буда, дорои модулҳо барои тахрири матн, ҷадвалҳои электронӣ, сураткашии (графикаи) векторӣ, таҳрири HTML ва презентатсияҳо (баёнияҳо) мебошад. Аз ҷитати имкониятҳо ва гузарондани амалиётҳо он бо дигар пакетҳои кории барномаҳои машҳур (ва пулакӣ) муқоисапазир аст ва онро чун алтернатива ба ин пакетҳо ҳисоб кардан мумкин аст. Азбаски он бепул аст, татбиқи он ба фаъолияти шумо осон аст. Версияҳои пешинаи он аллакай барои аксари корҳо (масалан дар хона) қобили қабул буданашонро собит сохтанд.

Лоиҳаи OpenOffice.org бо забони тоҷикӣ зерлоиҳаи OpenOffice.org аст, ки мақсади ниҳоияш дастрас кардани ин маҳсулот ба ҷомеаи тоҷикзабон аст.

Дар лоиҳаи lang/TJ ба он ҷодаҳои OpenOffic.org диққати махсус дода шудааст, ки барои тоҷикзабонон муҳиманд:

  • Иттилоот бо забони тоҷикӣ (web саҳифаҳо ва ҳуҷҷатгузорӣ).
  • Дастрасии сарчашмаҳои навшаванда ба забони тоҷикӣ.
  • Дастрасии сайтҳое, ки аз он ҷо ин сарчашмаҳоро гирифтан мумкин аст.
  • Пешбурди татбиқи забони тоҷикӣ дар компютер.
  • Ба кордарорӣ ва пешбурди воситаҳои кор бо забон (ба монанди санҷиши дурустии имло)
  • Нашри чизҳои OpenOffice.org бо забони тоҷикӣ.

Лоиҳаи Lang/TJ ҳамчун замимаи лоиҳаи мавҷудаи OpenOffice.org аст, на ивази он. Барои ҳамин шумо бисёр ишораҳоро ба саҳифаҳо бо забони англисӣ хоҳед ёфт.

Гузариш: Дар қуттии дар тарафи чапатон буда, шумо ишораҳоро ба саҳифаҳои лоиҳаи Lang/TJ хоҳед ёфт.
Саҳифаҳои Lang/TJ бо саҳифаҳои web сайти OpenOffice.org пайвастаанд. Дар қисми боло ва чапи саҳифа шумо ишораҳоро ба саҳифаҳои он (бо забони англисӣ) хоҳед дид.

 

 

 
tj.openoffice.org
Сарлаҳва
Маҳсулот
Маълумот
Сабткашӣ кунед
CD-ROM
Санҷиши дурустии навишти калима
Лоиҳа
Таърих
Саволҳои бештар пурсидашуда (FAQ)
Кумакгирӣ 
Варақаҳои иттилоотӣ
Ҳуҷҷатгузорӣ
Саҳмгузорӣ
Чи гуна?
Хабар  додани хатоҳо
Алоқа
Варақаҳои иттилоотӣ
Нишонии мо
Дигар намуди маълумот
Сипосгузориҳо
Литсензия