Маҳсулоти OpenOffice.orgOpenOffice.org пакети кории барномаҳо мебошад, ки озодона паҳн карда мешавад (истифодааш бепул аст). Вай аз чунин модулҳо иборат аст:
Аз нигоҳи имкониятҳо ва иқтидор, OpenOffice.org-ро бо чунин пакети кории барномаҳои машҳур (истифодаашон пулакӣ) аз қабили MS-Office муқоиса кардан мумкин аст. Барои шиносои бо имкониятҳои он, шумо метавонед ба ин саҳифа гузаред. Шумо метавонед озодона аксари ҳуҷҷатҳои пакети MS-Office-ро (Word, Excel, Powerpoint)
кушоед, таҳрир кунед ва онҳоро дар андозаи OpenOffice.org (ё агар хоҳед)
дар андозаи аслӣ сабт намоед. Маҳдудияти асосӣ ин аст, ки OpenOffice.org макросҳои ин ҳуҷҷатҳоро
истифодабарӣ намемонад. Вале онҳо нигоҳдорӣ мешаванд, ки ин ба шумо имконият медиҳад ҳуҷҷатҳоятонро дубора
дар MS-Office таҳрир кунед ва аз макросҳояш истифода баред. Бидонед, ки такмили OpenOffice.org ба пуррагӣ "тамом нашудааст" (ва ба монанди дигар барномаҳои калонҳаҷму мураккаб ҳеҷ вақт тамом ҳам намешавад). Вай ҳоло ҳам метавонад дорои саҳву ғалат ва нуқсонҳо бошад. Вале аксари вақт аллакай версияи 1.0 аз ўҳдаи корҳои шумо мебарояд. StarOffice 6.0 ва OpenOffice.org 2.0Истифодаи StarOffice 6.0 афзалтар аст, агар ба забони модарии шумо баромада бошад, вале он бепул нест. Азбаски сарчашмаҳои StarOffice 6.0 ва OpenOffice.org як мебошанд, онҳо дар миқёси муқоисашавандаанд. Фарқият дар он аст, ки StarOffice 6.0 дорои баъзе чузъҳо мебошад, ки ё дар OpenOffice.org нестанд, ё нокомиланд (ба пуррагӣ корбаст нашудаанд). Масалан StarOffice 6.0 рўйхати синонимҳоро барои якчанд забон дорад ( дар OpenOffice.org факат барои забони англисӣ), дастгирии функсияҳои базаи додашудаҳояш беҳтар аст, дорои миқдори зиёди қолабҳо, клипартҳо ва ғайра мебошад. Литсензияи он камтар аз 100 euro аст, ки ин барои ин қабил барнома хоксорона мебошад. Бо пардохти ин маблағ, шумо соҳиби дастгирии расмии Sun мешавед. Барои маълумоти бештар, лутфан ба саҳифаи Sun Microsystems гузаред.
|
|