Дар ин саҳифа лоиҳаи OpenOffice.org васеътар пешниҳод карда мешавад

Таърих

OpenOffice.org решаҳои худро дар StarOffice дорад, ки он яке аз васоити Office мебошад, ки аз нимаи солҳои 80-ум дар Олмон кор карда баромада шудааст ва ҳуқуқи моликиятӣ дар соли 1999 аз тарафи Sun Microsystems харида шуд. Тафсири 5.2 StarOffice дар июни соли 2000 бароварда шудааст, ва тафсирии 6.0 дар моҳи маи соли 2002 дар назар дошта шудааст. Чизи ғайриоддӣ дар коркарди StarOffice 6.0 он аст, ки он асосан дар муҳити лоиҳаи сарчашмааш кушоди OpenOffice.org ба амал бароварда мешавад. Барои он, ки ин чиз имконпазир гардад, Sun сарчашмаҳои StarOffice-ро дар шакли "openbaar gemaakt" кушода сохт (ба истиснои як қатор модулҳое, ки аз тарафи шахсони сеюм кор карда баромада шудаанд; ҳамин тариқ онҳо аз доираи лоиҳа берун монданд), ва лоиҳаи OpenOffice.org-ро ташаккул дод. Лекин, ин маънои онро надорад, ки Sun рушди минбъдаро ба хоҳишмандон вогузор мекунад: Қисми зиёди кор ҳоло ҳам аз тарафи барномасозони дар Sun кор мекардагӣ иҷро карда мешавад. Ба ғайр аз он, Sun хароҷоти корбарии лоиҳаи OpenOffice.org-ро ба ўҳдаи худ дорад.

StarOffice ва OpenOffice.org

Акнун, мо мебинем, ки аз сарчашмаҳои OpenOffice.org ду маҳсулот ҳосил карда мешавад: StarOffice 6.0, ки дар он қисмҳои сарчашмаашон пушида аз нав ҳамроҳ карда шудаанд; ва бародари хурдаш OpenOffice.org, ки да он чунин қисмҳо аллакай асосан бо алтернативаҳои сарчашмаашон кушоди ба қадри кифоя қобили қабул иваз карда шудаанд. Аз ин рў, дар бисёр ҳолатҳо, OpenOffice.org метавонад хосиятҳои худро дошта бошад, дар муқоиса бо StarOffice 6.x.

Дар сарчашмаи бо забони англисӣ сохташудаи FAQ фарқияти байни маҳсулоти StarOffice ва OpenOffice.org шарҳ дода шудаанд.

Амалан, чунин фарқиятҳо бояд ҷой медоштанд:

  • StarOffice 6.0 бепул нест, ҳарчанд нархи литсензия мумкин камтар аз 100 евро меистад;. OpenOffice.org бепул аст.
  • StarOffice 6.0 "пурратар" аст (фонтҳои муайян, тафтиши имлои беҳтар барои забонҳои англисӣ, немисӣ, фаронсавӣ ва испанӣ, луғати тафсири барои худи ҳамин забонҳо, пойгоҳи иттилоотии Adabas D, қолабҳо, клипартҳо ва якчанд филтрҳо). Барои тафтиши имло OpenOffice.org амалиёти алтернативие дорад, луғати тафсири бошад танҳо барои забони англисӣ.
  • Sun барои StarOffice дастгирии расми пешниҳод мекунад (ин чиз эҳтимолан барои хусусан компанияҳо рағбатовар аст). Дар ҳолати OpenOffice.org, истифодабарандагонро лозим аст, ки ин чизро дар байни худ ташкил кунанд.
  • Ягон гуна нақша оиди бо забони тоҷикӣ баровардани StarOffice 6.0 мавҷуд нест. OpenOffice.org орг бошад ба бисёр забонҳо баргардонида шудааст ва инчунин тафтиши имло низ барои бисёр забонҳо дастгирӣ карда мешавад.

 

 

 
tj.openoffice.org
Сарлаҳва
Маҳсулот
Маълумот
Сабткашӣ кунед
CD-ROM
Санҷиши дурустии навишти калима
Лоиҳа
Таърих
Саволҳои бештар пурсидашуда (FAQ)
Кумакгирӣ 
Варақаҳои иттилоотӣ
Ҳуҷҷатгузорӣ
Саҳмгузорӣ
Чи гуна?
Хабар  додани хатоиҳо
Алоқа
Варақаҳои иттилоотӣ
Нишонии мо
Дигар намуди маълумот
Сипосгузориҳо
Литсензия