Хабар додани хатоиҳо

Дар ташакулёби ва пешрафти OpenOffice.org саҳми истифодабарандагони он хеле муҳим аст. Ҳатто шахсоне ки барномасоз нестанд метавонанд дар ин кор иштирок намоянд, ба мисоли хабар додани хатоиҳо ва норасоиҳо ба барномасозони OpenOffice.org! Дар аксари вақ ин хатоиҳо ҷиддӣ дида баромада мешаванд, ки боиси мукаммал гардии OpenOffice.org мегарданд.

Барои осон гардонидани хабардиҳии хатоиҳо системаи махсус - Issuezilla мавҷуд аст, ки аз калимаи англисии "issue", яъне "масъала" ё "саволи баҳснок" (дар ин маврид) маънидод мешавад. Issuezilla дар забони англисӣ ба роҳ монда шудааст ва истифодакунанда бояд каме ин забонро донад.

Барои бо Issuezilla кор кардан шумо аввал бояд ба OpenOffice.org аъзо шавед. Аъзоги шуморо ба ягон кор вобаста намекунад, танҳо суроғаи электронии шумо дар махзани ахбори барнома пайдо мешавад, шумо дар бораи масъалаи гузоштаатон маълумот мегиред. Барои пешниҳод кардани маъалаи худ шумо бояд ба OpenOffice.org ворид шавед.

Пеш аз он ки шумо аз хатогӣ хабар диҳед бояд бисанҷед, ки каси дигар дар ин бора хабар надода бошад. Барои ҳамин хубаш аз саҳифаи ҷустуҷӯи Issuezilla оғоз намоед. Агар дар натиҷаи ҷустуҷӯ масъалаи монанд пайдо нашуд, метавонед хабари худро дар зерхати "Enter New Issue"ирсол доред.

Кӯшиш кунед ки масъаларо ба тарзи васеъ ва муфассал шарҳ диҳед, то ин ки барномасозон тавонанд шабеҳи онро ифода карда тавонанд. Хуб мешуд агар шумо саҳифаи Issue Writing Guidelines пеш аз ҳама аз назар гузаронд. Дар ин саҳифа дар бораи гузоштани масъала муфссал маълумот оварда шудааст.

 

 

 
tj.openoffice.org
Сарлаҳва
Маҳсулот
Маълумот
Сабткашӣ кунед
CD-ROM
Санҷиши дурустии навишти калима
Лоиҳа
Таърих
Саволҳои бештар пурсидашуда (FAQ)
Кумакгирӣ 
Варақаҳои иттилоотӣ
Ҳуҷҷатгузорӣ
Саҳмгузорӣ
Чи гуна?
Хабар  додани хатоиҳо
Алоқа
Варақаҳои иттилоотӣ
Нишонии мо
Дигар намуди маълумот
Сипосгузориҳо
Литсензия