Дар ин саҳифа лоиҳаи OpenOffice.org васеътар пешниҳод карда мешавад ТаърихOpenOffice.org решаҳои худро дар StarOffice дорад, ки он яке аз васоити Office мебошад, ки аз нимаи солҳои 80-ум дар Олмон кор карда баромада шудааст ва ҳуқуқи моликиятӣ дар соли 1999 аз тарафи Sun Microsystems харида шуд. Тафсири 5.2 StarOffice дар июни соли 2000 бароварда шудааст, ва тафсирии 6.0 дар моҳи маи соли 2002 дар назар дошта шудааст. Чизи ғайриоддӣ дар коркарди StarOffice 6.0 он аст, ки он асосан дар муҳити лоиҳаи сарчашмааш кушоди OpenOffice.org ба амал бароварда мешавад. Барои он, ки ин чиз имконпазир гардад, Sun сарчашмаҳои StarOffice-ро дар шакли "openbaar gemaakt" кушода сохт (ба истиснои як қатор модулҳое, ки аз тарафи шахсони сеюм кор карда баромада шудаанд; ҳамин тариқ онҳо аз доираи лоиҳа берун монданд), ва лоиҳаи OpenOffice.org-ро ташаккул дод. Лекин, ин маънои онро надорад, ки Sun рушди минбъдаро ба хоҳишмандон вогузор мекунад: Қисми зиёди кор ҳоло ҳам аз тарафи барномасозони дар Sun кор мекардагӣ иҷро карда мешавад. Ба ғайр аз он, Sun хароҷоти корбарии лоиҳаи OpenOffice.org-ро ба ўҳдаи худ дорад. StarOffice ва OpenOffice.orgАкнун, мо мебинем, ки аз сарчашмаҳои OpenOffice.org ду маҳсулот ҳосил карда мешавад: StarOffice 6.0, ки дар он қисмҳои сарчашмаашон пушида аз нав ҳамроҳ карда шудаанд; ва бародари хурдаш OpenOffice.org, ки да он чунин қисмҳо аллакай асосан бо алтернативаҳои сарчашмаашон кушоди ба қадри кифоя қобили қабул иваз карда шудаанд. Аз ин рў, дар бисёр ҳолатҳо, OpenOffice.org метавонад хосиятҳои худро дошта бошад, дар муқоиса бо StarOffice 6.x. Дар сарчашмаи бо забони англисӣ сохташудаи FAQ фарқияти байни маҳсулоти StarOffice ва OpenOffice.org шарҳ дода шудаанд. Амалан, чунин фарқиятҳо бояд ҷой медоштанд:
|
|